ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТ БА КӮДАКОН
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 2 нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 рӯзи 18-уми сентябри соли 2025 ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравиро оид ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Ҷаласаи гурӯҳи кории мазкур ба омӯзиши кутоҳи таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ вобаста ба барканор кардани кӯдакон аз низоми адолати судӣ бахшида шуда, аз ҷониби коршиноси Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Агентии омор ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок варзиданд.
Дар кори ҷаласа Нина Ткешелашвили, коршиноси Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, баромад намуда, иброз намуданд, ки мутобиқ намудани таҷрибаи муосири давлатҳои пешқадами дунё ба шароит ва қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани усулҳои алтернативӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак яке аз самтҳои асосии кори Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон мебошад.
Гурӯҳи корӣ изҳори итминон намуданд, ки ҳамоҳангсозии таҷрибаи байниидоравӣ бо такя ба таҷрибаи кишварҳои пешқадам, имкон медиҳад, ки низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон боз ҳам бештар ва самараноктар ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон равона карда шавад.