ЭЪЛОН
Ба диққати коромӯз-судяҳои давраи таҳсили соли 2024 расонида мешавад, ки тибки Нақшаи фаъолияти коромӯз-судяҳо рӯзҳои 12 то 16 феврали соли 2024 дар Маркази таълимии судяҳо санҷиши шифоҳӣ аз рӯйи барномаи №1 оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ ба нақша гирифта шудааст.
Баъди супоридани санҷиш коромӯз – судяҳо ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзӣ аз 19 феврал то 5 апрели соли 2024 ба судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе сафарбар карда мешаванд.
Коромӯз-судяҳо ӯҳдадоранд, ки пас аз ба охир расидани муҳлати таҷрибаомӯзӣ оид ба корҳои анҷомдодаи худ ҳисоботи муфассал, дафтари қайди таҷрибаомӯзӣ ва санадҳои судии таҳиянамудаашонро ба Маркази таълимии судяҳо аз 15 то 19 апрели соли 2024 барои ҳимоя пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон дар давраи таҷрибаомӯзии коромӯз-судяҳо дарсҳои омӯзиши забонҳои англисӣ ва рӯсӣ идома дода шуда, рӯзҳои душанбе барои гурӯҳи “А” соати 14:00, барои гурӯҳи “Б” соати 15:00, чоршанбе ва ҷумъаи ҳар ҳафта барои гурӯҳҳои “А” ва “Б” соати 14:00, муайян карда мешавад.
Давраи навбатии таҳсил тибқи барномаи № 2 оид ба ҳуқуқи маданӣ ва мурофиаи маданӣ аз 22 апрели соли 2024 дар толори асосии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз меёбад.
Эзоҳ: Давраи таътил барои коромӯз – судяҳо аз 8 то 14 апрели соли 2024.