ОҒОЗИ ДАВРАИ ТАЙЁРИИ КАСБИИ КОРОМӮЗ-СУДЯҲО ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ СУДЯҲОИ НАЗДИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 8 январи соли 2024 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ давраи тайёрии касбии 60 нафар коромӯз-судяҳое, ки тибқи фармоиши якҷояи Раиси Суди Олӣ ва Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз 29 декабри соли 2023, №74 ва №121 ба ин вазифа таъин гардиданд, оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии чорабинии омӯзишӣ муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Ш. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, коромӯз-судяҳои навтаъинро ба муносибати муваффақ шудан дар озмун барои ишғоли мансаби коромӯз-судя табрик намуда, онҳоро бо ниҳодани аввалин қадамҳо дар самти омодагӣ ба касби пуршарафи судя шодбошт гуфт. Ҳамзамон иброз намуд, ки ӯ ҳамчун узви Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ шахсан дар ҷараёни озмун шоҳиди дониши ҳар як довталаб гардид ва бори дигар онҳоро ба омӯзиш ва такмил додани донишу малакаи касбӣ даъват намуд. Номбурда афзуд, ки ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд. Дар охир ба коромӯз-судяҳо ҷиҳати аз худ намудани барномаи таълимӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Баъдан директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С. коромӯз-судяҳоро барои ноил шудан ба вазифаи масъулиятноки коромӯз – судяғтабрик ва таҳният гуфта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни мулоқоташон бо кормандони мақомоти судӣ аз 21 ноябри соли 2019 оид ба эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаи баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва маҳорату малакаи судяҳо баён дошта, қайд намуд, ки коромӯз – судяҳо бояд дар давоми як сол савияи дониши хешро баланд бардошта, худро ба фаъолияти пуршараф ва пурмаҳсули судягӣ омода намоянд.

Давраи тайёрии касбии коромӯз-судяҳо дар Маркази таълимии судяҳо як солро дарбар гирифта, аз 4 барнома – оид ба омӯзиши ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи маданӣ ва мурофиаи маданӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва меҳнат, мурофиаи иқтисодӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва мурофиаи маъмурӣ, омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ иборат мебошад. Бинобарин, аз коромӯз-судяҳои навтаъин даъват ба амал овард, ки дар раванди таҳсил бо масъулияти баланд рафтор намуда, ҳамеша сазовори мақоми пуршарафи ишғолнамудаи хеш бошанд.