ОҒОЗИ ДАВРАИ ДУЮМИ ТАЙЁРИИ КАСБИИ КОРОМӮЗ-СУДЯҲО ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ СУДЯҲОИ НАЗДИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 19 феврали соли 2024 баъди анҷоми барномаи аввал аз ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятӣ дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ давраи дуюми тайёрии касбии коромӯз-судяҳо аз рӯи барномаи №2 оғоз гардид.

Аз рӯи барномаи мазкур дар давоми ду моҳ устодони ботаҷриба бо коромӯз-судяҳо аз ҳуқуқи маданӣ ва ҳуқуқи мурофиавии маданӣ дарсҳои назариявӣ мегузаронанд.

Барномаи таълимии мазкур доираи васеи мавзуъҳо, аз ҷумла субъектони ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ, ҳуқуқи моликият, моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи мерос, инчунин мурофиаи маданӣ, муҳлатҳои мурофиавӣ, далелҳо ва исбот, намояндагӣ дар суд ва ғайраро дар бар гирифта, дарсҳо бо усули интерактивӣ омӯзонида мешаванд.

Ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар даври дуюм машғулиятҳои забонҳои англисӣ ва русӣ бо ҷалби устодони ботаҷриба идома дода хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки давраи тайёрии касбии коромӯз-судяҳо дар Маркази таълимии судяҳо як солро дарбар гирифта, аз 4 барнома – оид ба омӯзиши ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи маданӣ ва мурофиаи маданӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва меҳнат, мурофиаи иқтисодӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва мурофиаи маъмурӣ, омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ иборат мебошад.