ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО АЗ 19 ТО 29 МАЙИ СОЛИ 2026
Санаи 13 апрели соли 2026 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври навбатии такмили ихтисоси судяҳо оғоз гардид.

Семинари омӯзишӣ бо иштироки раисон муовинон ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида, ки дар он устодон аз ҳисоби судяҳои ботаҷрибаи Суди Олӣ ва мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шуд.
Барномаи такмили ихтисоси судяҳо мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифт:
− Баҳсҳо вобаста ба тағйироти нави Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои оиди аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ ва татбиқи муҳлати даъво;
− Таҳияи санадҳои судӣ (ҳукм, таъинот ва қарор) оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ.
− Меъёрҳои миллию байналмилалии адлияи ноболиғон;
− Хусусиятҳои баррасии парвандаҳои хусусияти коррупсионидошта;
− Тобеияти судии парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Дар анҷоми давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва аз худ намудани барномаи таълимӣ сертификатҳои шакли муқарраргардида супорида шуд.


