ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ “ТАШКИЛОТИ ЗАМИНАВӢ” ДАР САМТИ ТАЙЁР НАМУДАН, БОЗОМӮЗӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ НИЗОМИ СУДӢ
Санаи18 декабри соли 2026 соати 13:00 (соати 11:00 бо вақти Москва), ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии “Ташкилоти заминави”-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи низоми судӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ба ҳайси узви Шӯро муовини Раиси Суди Олӣ Тағозода А.С ва директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Завқизода С.А иштирок намуданд.

Нахуст ҷаласаро котиби Пленуми Суди Олии Федератсияи Россия, судяи Суди Олии Федератсияи Россия Зателепин Олег Кимович ифтитоҳ намуда, аҳамияти баргузории ҷаласаро муҳим арзёбӣ намуд.
Инчунин бо сухани ифтитоҳӣ сардори шуъбаи департаменти ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи ИДМ, муовини котиби Шӯрои раисони судҳои Олии давлатҳои аъзои ИДМ, узви Шӯрои ҷамъиятии ташкилоти заминавӣ Юркевич Павел Сергеевич баромад кард. Номбурда дастовардҳои “Ташкилоти заминави”-ро қадами устувор барои рушди ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар самти омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои низоми судӣ иброз намуд.

Дар ҷаласа роҳбари ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми судӣ, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, ректори Донишгоҳи давлатии адолати судии Федератсияи Россия ба номи В.М. Лебедев, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Кулаков В.В. оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилоти заминавӣ дар соли 2025 маърӯза намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти заминавӣ дар соли 2025 ҷамъбаст карда шуда, лоиҳаи нақшаи кори ташкилоти заминавӣ барои соли 2026 тасдиқ карда шуд.
Ҳангоми баррасии масъалаҳо пешниҳоди Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузор намудани конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба терроризм аз ҷониби судҳо: мушкилот ва дурнамо» ба нақшаи кории соли 2026 ворид карда шуд.

Screenshot
