ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

31 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа узви Шуро – Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз ҷумла, номбурда қайд намуд, ки дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур 789 нафар судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо ва коромӯз-судяҳо ба омӯзиши мавзуъҳои вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқи инсон фаро гирифта шуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба раванди татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2025, ҳамчунин иҷрои Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.