ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ СУДЯҲОИ НАЗДИ СУДИ ОЛӢ

Рӯзи 26 декабри соли 2023 соати 1000 дар бинои Суди Олӣ ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсози Маркази таълимии судяҳо баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа судяи Суди конститутсионӣ Ҷамшедзода Ҷ., муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З., муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ А., раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л. ва Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. иштирок намуданд.

Тибқи талаботи Низомномаи Маркази таълимии судяҳо – Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. ҷаласаро раисӣ намуд.

Дар кори ҷаласа ҳисоботи Маркази таълимии судяҳо дар соли 2023 шунида шуда, ҳамзомон масъалаҳои тасдиқ намудани Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2024, барномаҳои такмили ихтисоси судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо ва коромӯз-судяҳо барои соли 2024  баррасӣ карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа  аз ҷониби аъзои Шуро – судяи Суди конститутсионӣ  Ҷамшедзода Ҷамшед пешниҳод гардид, ки дар барномаи давраи яксолаи тайёрии назариявӣ ва амалии коромӯз-судяҳо мавзуъҳои бо истеҳсолоти Суди конститутсионӣ алоқаманд буда низ ворид карда шуда, ҳамзамон барои гузаштани таҷрибаомӯзи коромӯз – судяҳо ба суди Суди конститутсионӣ сафарбар карда шаванд.