БАРГУЗОРИИ ДАВРАИ НАВБАТИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО
Оид ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2025 рўзи 7 апрели соли ҷорӣ дар толори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ бо иштироки судяҳои суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо давраи навбатии такмили ихтисос оғоз гардид.
Дар кори семинар директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд карданд, ки моҳияти баргузории семинарҳои такмили ихтисос аз баланд бардоштани сатҳу савияи дониши касбии судяҳо ва сайқал додани маҳорату малакаи касбии онҳо иборат мебошад.
Бо ин мақсад Маркази таълимии судяҳо ба сифати устодони дарсгўянда судяҳои Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб намудааст. Дар охири сухан Завқизода С.А. ба иштирокчиён барои аз худ намудани мавзуҳои семинар барору муваффақият таманно намуд. Семинар дар фазои озод ва баҳсу мунозираҳо атрофи мавзуъҳои ба назария ва амалияи судӣ алоқаманд баргузор гардида, дар охир ба иштирокчиёни он сертификати шакли муқарраргардида супорида шуд.