БАРГУЗОРИИ ДАВРАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО
Аз 7-ум то 17-уми июли соли 2025 дар бинои Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳури Тоҷикистон давраи навбатии такмили ихтисоси судяҳо бо иштироки судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душабе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Он ҷиҳати иҷрои талаботи банди 6 моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Мақсади қонунгузор аз баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мебошад, ки дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифтани судяҳоро муқаррар менамояд.
Судяҳо дар атрофи мавзуъҳои масъалаҳои таҷрибаи судии баррасии парвандањои маданӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳалли баҳсҳо дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан, маскун кардан ва маҳрум намудан аз ҳуқуқи истифодаи манзил, баррасии парвандаҳои оилавӣ доир ба тақсими молу мулки муштараки ҳамсарон, баррасии парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ вобаста ба баҳсҳои қабул ва тақсими мерос, ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, ва ғайра донишу малакаи касбии хешро баланд бардоштанд.
Дар кори семинар ба ҳайси устодон судяҳои Суди Олӣ, Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд. Инчунин вобаста ба иҷрои банди 11-и “Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Суҳайлӣ дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар доираи санадҳои байналмилалии тасдиқнамудаи Тоҷикистон” маърӯза намуданд. Дар ҳақиқат кӯдакон ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд ва бинои давлати ҳуқуқбунёд аз онҳо алоқамандӣ дорад. Дар ин замина роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ миёни онҳо ва хусусиятҳои баррасии парвандаҳо вобаста ба ҳолатҳои мушаххас мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Дар анҷоми давраи омӯзиш ба иштирокчиён сертификатҳои шакли муқарраргардида супоридада шуд.