БАРГУЗОРИИ ДАВРАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

Ба такмили ихтисос ҷалб намудани судя аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарчашма гирифта, судя дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ў сертификати шакли муқарраргардида дода мешавад, ки он ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат мекунад. Ҳамзамон оид ба иҷрои Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2025 рўзи 4-уми августи соли ҷорӣ дар толори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ бо иштироки судяҳои суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо давраи навбатии такмили ихтисос оғоз гардид.

Дар кори семинар директори Маркази таълимии судяҳо  Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд карданд, ки моҳияти баргузории семинарҳои такмили ихтисос аз баланд бардоштани сатҳу савияи дониши касбии судяҳо мебошад, ки барои таъмин намудани адолати судӣ ва волоияти қонун нақши калидӣ дорад. Дар анҷоми суханрониашон  ба иштирокчиён комёбиҳо таманно намуда, изҳори умед намуданд, ки таҷрибаи андухтаи онҳо аз ин семинар ба фаъолияти касбии судяҳо нафъи воқеӣ мерасонад.

Бо ин мақсад Маркази таълимии судяҳо ба сифати устодон судяҳои ботаҷрибаи Суди Олӣ инчунин намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистонро ҷалб намудааст.