БАРГУЗОРИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Аз санаи 29 сентябр то 03 октябри соли 2025 тибқи нақшаи кории Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи судҳои вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабинии омӯзишӣ аз баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати касбии кормандон, такмил додани дониши ҳуқуқӣ ва таҳкими малакаҳои амалии онҳо дар фаъолияти кории ҳаррӯза иборат мeбошад.
Дар ҷараёни барномаи омӯзишӣ мавзӯҳои муҳимми зерини соҳаи хизмати давлатӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд:
· Кодекси одоби хизматчии давлатӣ;
· Тартиби таҳияи протоколи маҷлиси судӣ;
· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»;
· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон»
· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»;
· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»;
· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти касбии кормандони дастгоҳи судҳо.
Баргузор намудани чунин курсҳои такмили ихтисос, заминаи боэътимод барои баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулият ва шаффофияти фаъолияти кормандони дастгоҳи судҳо мегардад.
Дар анҷоми барномаи омӯзишӣ муовини раиси суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Бобоҷон Шералӣ чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиёни он сертификатҳои шакли муқарраргардида супурд.