БАРГУЗОРИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

Аз санаи  15-ум то 25  сентябри соли 2025 дар бинои Маркази таълимии судяҳои назди  Суди Олии Ҷумҳури Тоҷикистон давраи навбатии такмили ихтисоси судяҳо бо иштироки судяҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Чорабиниро директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ муҳтарам Завқизода С.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳамияти онро барои судяҳо шарҳ дода, саҳми баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишро дар баланд намудани сатҳи дониш ва малакаи касбии  судяҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Давраи омӯзишӣ оид ба иҷрои талаботи моддаи дахлдори Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумњурии Тоҷикистон» амалӣ карда шуд, ки он ба такмили ихтисос фаро гирифтани судяҳоро пешбинӣ менамояд.

Мавзуъҳои такмили ихтисос асосан аз таҷрибаи судии баррасии парвандањои маданӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва инчунин ҷабҳаҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ вобаста ба соҳа иборат буданд.

Дар кори семинар ба ҳайси устодон судяҳои ботаҷрибаи Суди Олӣ, Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

Дар анҷоми семинар ба иштирокчиёни такмили ихтисос сертификатҳои шакли муқарраршуда супурда шуд.

Лаҳзаи супоридани сертификат ба судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Иброҳимзода Исроил Исмоил аз ҷониби диретори Маркази таълимии судяҳо назди Суди Олӣ, номзади илмҳои ҳуҳуқшиносӣ Завқизода С.А

Лаҳзаи супоридани сертификат ба судяи суди вилояти Суғд Бобоҷонзода Бахтиёр

Лаҳзаи супоридани сертификат ба судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ниёззода Сурайё Ҷума

Акси хотиравии гурӯҳӣ баъд аз анҷоми такмили ихтисоси судяҳо дар саҳни бинои Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.