Бозомӯзии як гурӯҳ кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ мутобиқи қарори Комиссияи аттестатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии мақомоти судӣ

Аз рӯзи 27 то 31 октябри соли 2025 дар бинои Маркази таълимии судяҳои назди  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳ кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ давраи омӯзишии кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ, ки дар аттестатсия комёб нагардида буданд,  мувофиқи қарори дахлдори комиссияи аттестатсионӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти судӣ оғоз гардид.

Дар кори семинар директори Маркази таълимии судяҳо,  номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд карданд, ки аҳамияти баргузории семинари мазкур барои кормандони дастгоҳи судҳо аз такмил додани дониши назариявию амалии онҳо ва омӯзиши масъалаҳои муҳимме, ки аз фаъолияти касбии онҳо бармеояд иборат мебошад.

Барномаи омӯзишӣ асосан ба мавзуҳои вобаста ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон“, қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ, дастурамали коргузорӣ дар судҳо, тартиби таҳияи протоколи маҷлиси судӣ, кодексҳои ҷиноятӣ, маданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ва  кодексҳои мурофиавии онҳо ва ғайра иборат буд.

Шунавандагон барномаи омӯзиширо, ки ба тариқи интерактивӣ, саволу ҷавоб, ҷудо шудан ба гурӯҳҳо, ҳал намудани мисолу масъалаҳо муфид арзёбӣ намуданд.