ДАВРАИ ДУЮМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО

Рӯзҳои 11-21 апрели соли 2022 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 21 нафар судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ давраи дуюми такмили ихтисоси судяҳо баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи амалигардонии талаботи қисми 2 моддаи 109 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 3 Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2022, роҳандозӣ гардид.

Мақсади асосии такмили ихтисосро Завқизода С.А. Ҳамчун воситаи асосии баланд бардоштани савияи дониши судяҳо ва сайқал додани маҳорату малакаи касбии онҳо арзёбӣ намуд.

Чорабинии омӯзишӣ рӯзи 21 апрели соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, иштирокчиён дар охир бо сертификати Маркази таълимии судяҳо сарфароз гардонида шуданд.