Филиали Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико (АВА ROLI) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютерӣ тақдим намуд
Филиали Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико (АВА ROLI) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта, айни замон бо Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъсис додани низоми электронии омӯзиш барои судяҳо ҳамкорӣ намуда истодааст. Ин шакли омӯзиши онлайнӣ як қатор бартариятҳоро ба монанди воситаҳои дастрас, иловагӣ ва ё алтернативии такмили ихтисос, имкони ташкили раванди такмили ихтисос бидуни танаффус аз ҷои кор, бетаъхир, сари вақт ва бидуни хароҷотҳои иловагӣ, шаклҳои нави иртибот ва татбиқи усулҳои инноватсионии таълим, миқдори бемаҳдуди курсҳои таълимӣ ва шунавандагон, такмили малакаҳои истифодаи компютер ва ғайраҳоро дорост.
Филиали Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико (АВА ROLI) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 декабри соли 2023 дар бинои Суди Олӣ ба Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад компютер (ноутбук) тақдим намуд.
Аснои маросими тақдим Директори Маркази таълимии судяҳо Завкизода С.А. ба намояндаи Филиали Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико (АВА ROLI) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ арзи сипос намуда, иброз намуд, ки таҷҳизоти тақдимшуда барои баланд бардоштани иқтидори техникии Маркази таълимии судяҳо, сифати таълим ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо мусоидат менамояд.