Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Шакли электронии истеҳсолоти судӣ”

Санаи 23 апрели соли 2025 дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар Форуми байналмилалӣ оид ба мавзуи “Шакли электронии адолатӣ судӣ”, ки дар реҷаи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар кори форум директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ муҳтарам Завқизода С.А. дар мавзуи “Ташаккули суди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилиҳо ва дурнамо” маърӯза намуда, ташкили суди электрониро тақозои давру замон, ҷомеа ва тараққиёти технологияи муосир арзёби намуда, оид ба мавҷуд будани заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иродаи комили сарвари  давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бащри рушди суди электронӣ суханрони намуданд.

Форуми мазкур дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии судҳои ИДМ баргузор гардида, дар кори он намояндагони судҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Белоруссия ва Тоҷикистон ширкат варзида, дар муҳокимаи масъалаҳои мубрами муосир аз ҷумла, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ дар фаъолияти судҳо, ташкили омори парвандаҳои судӣ дар шакли электронӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар низоми ҳуҷҷатгузории судӣ,  ба роҳ мондани ҳамкории ҳуқуқии фаромиллӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ибрози ақида ва таклифу пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.

Форуми мазкур дар самти табодули  коргузории  электрониии судӣ дар фазои кишварҳои ИДМ қадами муҳим гузошта, ба баланд бардоштани дастрасӣ ба адолати судӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани самаранокии он мусоидат хоҳад кард.

          Дар охир иштирокчиён ба ташкилкунандагони форум миннатдории хешро барои фароҳам овардани имконияти муҳокимаю музокираҳо атрофи мавзуҳои мубрами истеҳсолоти электронӣ баён намуда, пешниҳоди ҳарчи бештар ташкил намудани чунин форум ва конфронсҳоро карданд.