ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

 “Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи халқи тоҷик
нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз аст.”
                                                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон ва тоҷикистониён яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде истиқлолияти давлатӣ ба мо осон ва ба тариқи эволютсионӣ ба даст омада бошад ҳам, вале нигоҳ доштан ва ҳифзи он тӯли 29 сол талошу мубориза ва фидокорию қаҳрамониҳои зиёдеро тақозо намуд. Ҳазорон нафар фарзандони бонангу номуси миллат ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистони азиз, амну амният ва сулҳу суботи он ҷони худро дареғ надошта, фидои ватани азизашон намуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи мамлакат ба вуҷуд омада, Ҷумуҳурии Тоҷикистонро як буҳрони сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифт. Бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гаштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон саҳифаи навини худро оғоз намуд ва он аз қадамҳои устувор баҳри таъмини сулҳу субот ва рушду тараққиёт иборат буд. Ин саҳифаи қонуну қонуният, адлу адолат ва рушду нумӯи мамлакат буд. Дар ин давра таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани ҳуқуқҳо ва моликиятҳои аздастрафтаи шаҳрвандони муқимӣ ва гурезаҳо равона шуда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат ҳамарӯза талош меварзиданд, то ба беҳокимиятию қонуншиканӣ, қатлу куштор, дуздию ғоратгарӣ, сарҳадшикании ҳамарӯза, нобоварии мардум ба оянда ва тарсу ҳароси онҳо хотима гузошта шавад. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки бо истифода аз маҳорати баланди сиёсатмадорӣ, дониши васеи иқтисодӣ ва қалби саршор аз муҳаббати ватандорӣ аз мушкилию буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ Тоҷикистонро бароварда, онро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳофар, тамаддунсоз, муборизи ҳама гуна поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муаррифӣ намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи басо мушкили буҳрони сиёсӣ масъулияти бузургро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузорад.

Истиқлолият рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдории миллӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона ҷиҳати расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким мебахшад, ки ин ҳама маҳз ба ҳаёти озодонаи ҳар як фарди ҷомеа ва дараҷаи бахту саодати воқеии миллат равона шудааст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки бо кору пайкорҳои ватандӯстона, созанда ва фидокорона ба истиқлолияти воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ ва ғайра қадами муборак гузошта шавад. Бебаҳс метавон гуфт, ки дар мустаҳкам гардонидани истиқлолияти давлатӣ саҳми кушишу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи халқи тоҷик бузург аст. Тақвият бахшидани истиқлолияти давлатӣ ба ташаккули ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон ва қисмати таркибии андеша ва ҳуввияти миллӣ оварда расонид. Имрӯз бе муҳобот истиқлолияти давлатӣ ифтихори хурду калони Тоҷикистон аст.

Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ соҳиби мақому мартабаи хос гардида, кишварҳои дунё сиёсати муваффақи Тоҷикистонро дар самти давлатдории миллӣ ва таъмини сулҳу субот, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун эътироф менамоянд. Узвияти Тоҷикистон ба як қатор созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо онҳо ба монанди, Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва ғайра мавқеи кишвари моро боз ҳам мустаҳкам ва намоён гардонид. Дар доираи чунин ҳамкориҳо Тоҷикистон ҳамеша пайгирӣ аз манфиатҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон намуда, ба ҳалли низоъҳои ҳарбӣ, буҳронҳои экологӣ ва вобаста ба об, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешниҳодҳои созанда ва башардӯстона намуда ҳамчун ташаббускори масъалаҳои инсондӯстонаи байналмилалӣ маъруф гаштааст.

Дар даврони истиқлолият дар баробари мустаҳкам гардидани ҳокимияти давлатӣ ҳокимияти қонунгузор ва судӣ низ тақвият ёфт. Бояд эътироф намуд, ки ба ин пеш аз ҳама фаъолияти муътадил ва босамари ҳокимияти давлатӣ мусоидат намуд. Дар ин солҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таҳкими ҳокимияти судӣ диққати асосӣ зоҳир намуд, зеро аз фаъолияти охирон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар охир баамалбарории адолати иҷтимоӣ вобаста аст, ки тайи солҳои нооромӣ ин масъалаҳо ба тариқи назаррас коста шуда буданд.

Ҳамин буд, ки, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Таъмин намудани қонуният ва адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат ва расидан ба мақсадҳои ниҳоие мебошад, ки мо дар назди худ гузоштаем.” Маҳз дар даврони истиқлолият ва ба даст овардани сулҳу субот имкон пайдо гардид, ки суд вазифаҳои дар наздаш бо меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо гузошташударо иҷро намуда, саҳми худро дар таъмини волоияти қонун гузорад. Имруз давлатҳои зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки на истиқлолияти пурра доранд ва на суди мустақил, беғараз ва холис. Дар ҳудуди онҳо давлатҳои хориҷӣ ва ҷонибҳои манфиатдор судҳои фавқулодда таъсис дода, тақдири шаҳрвандони онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, инчунин тақдири даҳҳо ҳазор занону кудаконеро, ки аз ҷангҳои мусаллаҳона бехонумон ва беватан мондаанд, бе риояи меъёрҳои муқарраргардидаи инсондустона дар доираи ғараз ва нафсҳои хеш ҳаллу фасл менамоянд. Имрӯз мебинем, ки дасти баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки бевосита ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд машғуланд, дар ҳалли мушкилиҳои ба тариқи сунъӣ эҷодгардида кутоҳӣ мекунанд. Мувофиқи маълумотҳои Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо Филиппо Гранди, аз 19 июни соли 2018 дар Берлин теъдоди гурезаҳо дар соли 2018 70,8 миллион нафар расид ва соли 2017 ин теъдод 68,5 миллион нафарро ташкил менамуд. Албатта як қисмати ками гурезаҳо бинобар мушкилиҳои экологӣ, вале боқимонда бинобар авзои мусаллаҳона ва ҷангии ватанашон рӯ ба гурез ниҳоданд. Ин ҳолатҳо моро водор месозад, ки бо назардошти ҳодиса ва воқеаҳои пуртазоди сиёсии ҷаҳони муосир истиқлолияти давлатии хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Намояндаи ҳар миллате, ки имрӯзҳо истиқлолияти давлати хешро нигоҳ медорад, дар пойдории сулҳу суботи кишвараш ва якдигарфаҳмии мардумони он саҳм мегузорад, бешубҳа унвони қаҳрамони миллати хешро мебарад.

Дар шароити Тоҷикистон, танҳо пойдории истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот боис гашт, ки суд ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ масъулият ва вазифаҳои ба уҳдааш тибқи қонун гузошташударо ба тариқи дахлдор иҷро намояд. Таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолият заминаи асосии дар ҳаёти ҷомеа татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсия, такмили сохтори суд, аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардани он ва рушду нумӯи қонунгузории соҳа гардид.

Дар баробари ин дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардиданд, ки мустақилият, беғаразӣ ва холисии судҳоро таҳким бахшид. Инҳо барномаҳои ислоҳоти судӣ ҳуқуқӣ дар 4 давра барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 ва ғайраҳо мебошанд. Қабули санадҳои меърии ҳуқуқии номбурда барои рушду таҳким ва такмили сохтори ҳокимияти судӣ, қонугузории соҳа ва мутобиқ гардонидани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд. Маҳз дар замони истиқлолияти давлатӣ ҳокимияти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда шуд, ки ин нишонаи кафолати воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар охир баамалбарории адолати иҷтимоӣ мебошад.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳокимияти судӣ пеш аз ҳама судяҳо бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди тағйир ёфтани сохтор аз 9 июни соли 2016 дар назди Суди Олӣ аз нав таъсис дода шуд. Бо мақсади хоста гирифтани кадрҳои болаёқат ва сатҳи баланди дониши касбӣ дошта бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017 Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя таъсис дода шуда, ҳайати комиссия ва низомномаи он тасдиқ гардид.

Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир биноҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Данѓара, Дарвоз Роғун, Шаҳристон, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Варзоб, Ванҷ, Шуғнон, Балҷувон, Восеъ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва суди иқтисодии вилояти Хатлон сохта шуда, онҳо бо таҷҳизоти корӣ муҷҷаҳаз гардонида шуда, ба истифода дода шудаанд, ки ин ба фаъолияти муътадил ва самараноки судҳо мусоидат менамояд. Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар мебошад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи сохтмони ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

ЗАВҚИЗОДА С.А.
Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ