Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон-судяҳо
Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон–судяҳо: «Мақоми занон–судяҳо дар таъмини адолати судӣ ва баробарии гендерӣ дар низоми судӣ»
4 апрели соли 2025 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Мақоми занон-судяҳо дар таъмини адолати судӣ ва баробарии гендерӣ дар низоми судӣ» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо мақсади баланд бардоштани нақши занон-судяҳо дар таъмини дастрасии инсон ва шаҳрванд ба ҳифзи судӣ, бартараф сохтани қолабҳои гендерӣ, ҳамчунин рафъи монеаҳои фарҳангию иҷтимоӣ, ки занон-судяҳо ба он рӯ ба рӯ мешаванд, гузаронида шуд.
Дар ибтидои чорабинӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухоризода Сафаргул Мансур ва намояндаи Алянси занон-вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно бо суханони ифтитоҳӣ атрофи масъалаҳои баррасишаванда баромад намуда, ба ҷонибҳо барои ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Конференсияи мазкур бо ташаббуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (OHCHR), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP), Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (OSCE) дар Душанбе, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон баргузор гардид.
Дар кори конфренсия Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода С.А. иштирок намуда дар мавзуи нақши Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани иқтидори касбии занон-судяҳо маърӯза намуд. Номбурда нақши Маркази таълимии судяҳоро дар омода намудани занон-номзад ба вазифаи судя ва такмили ихтисоси занон-судяҳо муҳим арзёбӣ намуда сол аз сол зиёд гардидани коромӯз-судяҳоро аз ҳисоби занон қайд намуд.
Дар охир иштирокчиён ба ташкилкунандагон ва маърузачиён ҷиҳати фароҳам овардани чунин як имконияти мусоид баҳри омӯзиш изҳори сипос карда, аҳамияти конфренсияи мазкурро дар андӯхтани таҷрибаи пешқадами соҳа муҳим арзёбӣ намуданд.