Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 12 ноябри соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои он Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Нахуст директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсияте, ки ин мақоми олии давлатиро ишғол мекунад, барои халқу миллат ва давлату давлатдорӣ аҳамияти калон дорад. Бо шакли идораи президентӣ, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсияти бузургу барҷаста Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳаёту мамот, ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ, наљот додани халқу миллат аз вартаи ҳалокат, анҷом додани сохтмонҳои бузурги аср – нерӯгоҳҳо, нақбҳо, пулҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, мустаҳкам гардонидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳким бахшидани фаъолияти ҳокимияти судӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо, ки дар хоҷагии халқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо саҳмгузор мебошанд, алоқамандӣ доранд. Кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд намунаи ибрат ва қобили пайравии ҳаррўзаи мо ҳангоми фаъолияти касбӣ ва ғайрикасбӣ бошад.
Дар кори Конференсия Раҷабзода С.А. сармутахассиси Маркази таълимии судяҳо дар мавзӯи“Фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили бавуҷудоварандаи андешаи “Президенти намунавӣ”, Маликзода Н. котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе вобаста ба “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии аҳамияти глобалидошта”, Маҳмадмуродзода Ф. котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шоҳмансур дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ” ва Холбоева М. котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба “Нақши ПрезидентиҶумхурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ” бо маърӯза баромад намуданд.
Дар анҷоми чорабинии мазкур музокирот байни иштирокчиён сурат гирифта, онҳо фикру мулоҳиза ва таасуротҳои худро вобаста ба хизматҳои пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.