КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ ТАТБИҚИ МЕХАНИЗМҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ВА ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТИ СУДӢ
Санаи 31 октябри соли 2025 судяи Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон Аланазарзода Шароф, директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин ва ёрдамчии Раиси Суди Олӣ Орзумуродов Ҳилолутдин дар конференсияи илмии байналмиллалӣ доир ба мавзуи “Татбиқи механизмҳои инноватсионӣ дар фаъолияти ҳокимияти судӣ ва таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ” тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур дар доираи Созишномаи Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, дар кори он кормандони муасссисаҳои таълимӣ, судяҳои судҳои олии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларусия ва Федератсияи Русия, ширкат варзиданд.

Қайд гардид, ки масъалаи ба шакли фаъолияти рақамӣ, электронӣ ва рушд додани зеҳни сунъӣ талаботи илму техника мебошад.
Иброз карда шуд, ки масъалаҳои дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ ҷорӣ намудани низоми иттилоотии мурофиаи судӣ (e-Court), баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва таҷҳизотӣ-технологии судҳо тавассути пурра компютеркунонии мақомоти судӣ, инчунин, таъсис додани инфрасохтори зарурӣ ва муҷаҳҳаз кардани толорҳои судҳо бо низоми видео-конфронс, дастгоҳҳои сабти овоз бо мақсади фароҳам овардани имконияти иштирок намудан дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим яке аз воситаҳои муосири дастрасӣ ба адолати судӣ ба ҳисоб меравад.

Намояндагони ҳокимияти Суди Олӣ оид ба таҷрибаи миллӣ, қарорҳои ҳукумат, стратегия ва барномаҳо вобаста ба амалӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ дар ҷумҳурӣ, марҳила ба марҳила мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба фаъолияти электронӣ ва рушду нумуъ додани зеҳни сунъӣ дар ҷомеа ва суд табодули таҷриба намуданд.
Ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами мизи мудаввари байналмиллалӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ таклифу пешниҳодҳо намуданд.