Машғулиятҳои семинарии такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар соли 2019

Рўзҳои 22-27 июли соли ҷорӣ Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ оид ба иҷрои банди 5-и Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва банди дахлдори Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2019 машғулиятҳои семенарии такмили ихтисосро бо ҷалби 25 нафар кормандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ  баргузор намуд.

Дар рафти машғулияти семинарӣ Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М. ва  директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода С.А. иштирок намуда, баргузории чунин чарабиниро имконияти мусоид баҳри баланд бардоштани савияи дониши назариявию касбии кормандон ва минбаъд самаранок  гаштани фаъолияти онҳо арзёбӣ намуданд.

Барномаи семинари такмили ихтисос омўзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионӣ», Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, намунаҳои санадҳои судӣ ва дигар мавзўъҳоро дар бар гирифт.

Дар машғулияти семинарӣ устодон аз Суди кониститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ ҷалб карда шуданд.

Баъди ба охир расидани семинар ба шунавандагони давраи такмили ихтисос сертификати шакли муқарраргардида супорида шуд.