СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “МАСЪАЛАҲОИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ, БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ (ВНМО/БПНМ) ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН”

Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Центр по правам человека” рӯзҳои 6-8 октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе бо иштироки 60 нафар коромӯз – судяҳо дар мавзӯи «Масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) ва ҳуқуқи инсон» семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ ба кори семинар оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллӣ ва Нақшаи амалигардонии он, оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №50 тасдиқ гардидааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа мавҷуд аст. Ин далели он аст, ки ба ҳифзи саломатии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосӣ дода мешавад. Семинари имрӯза низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.

Завқизода С.А. баргузории чунин як омӯзишро барои коромӯз – судяҳо имконияти хуб баҳри такмил додани донишҳои назариявӣ ва аз бар намудани хусусиятҳои баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар ин самт, моҳияти Нақшаҳои миллии мубориза ба ВНМО/БПНМ, тарзу усулҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, мафҳум, шаклҳои табъиз ва стандартҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар семинари мазкур судяи Суди Олӣ Аланазарзода Ш. ба ҳайси тренер баромад намуда, иштирокчиёнро бо хусусиятҳои ҳуқуқии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақш ва вазифаҳои макомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани таҷрибаи ягонаи баррасии парвандаҳо дар ин самт, ошно намуд.