СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ «ТАҶРИБАИ БАРРАСИИ СУДИИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ, ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД, ГУРЕЗАҲО ВА ШАХСОНИ ПАНОҲҶӮЯНДА» ДАР ҲАМКОРӢ БО ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ “ИНСОН ВА АДОЛАТ”
Рӯзи 2 ноябри соли 2021 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” бо иштироки 17 нафар судяҳои судҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда» баргузор гардид.
Кори семинарро директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки масъалаи вобаста ба гурезаҳо, шахсони бешаҳрванд ва паноҳҷӯяндагон дар замони муосир ба яке аз проблемаҳои глобалӣ табдил ёфта, ҳалли ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт корҳои муайянеро анҷом дода, соли 2002 Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо»-ро қабул намуд, ки он асосҳо ва тартиби гуреза эътироф шудани шахсеро, ки дар ҶТ паноҳгоҳ меҷӯяд, муайян месозад, инчунин кафолати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои гурезаҳоро фароҳам оварда, вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян мекунад.
Дар семинари мазкур раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олӣ ва яке аз ҳаммуалифони дастури методӣ дар бораи таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда Муродзода Б. ва устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қодирқулов Х. ба ҳайси тренер баромад намуданд.
Семинар дар фазои услуби интерактивӣ ва баҳсу мунозираҳои кабӣ баргузор гардид.