Семинар дар мавзуи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” рӯзҳои 2-3 октябри соли 2024 дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе бо иштироки 60 нафар коромӯз – судяҳо дар ду давра семинарҳои омӯзиширо дар мавзуи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон » баргузор намуд.
Семинарро сармутахассиси Маркази таълимии судяҳо Раҷабзода Х. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки масъалаи вобаста ба гурезаҳо, шахсони бешаҳрванд ва паноҳҷӯяндагон дар замони муосир ба яке аз мушкилиҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта, ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт корҳои муайянеро анҷом дода, соли 2002 Қонуни ҶТ «Дар бораи гурезаҳо»-ро қабул намуд, ки он асосҳо ва тартиби гуреза эътироф шудани шахсеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳгоҳ меҷӯяд, муайян месозад, инчунин қонуни мазкур кафолати ҳимояи ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоӣ ва манфиатҳои ҳуқуқии гурезаҳоро фароҳам оварда, вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян мекунад.
Зимни баргузории семинар меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи гурезаҳо, “Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”, тартиби муроҷиат оид ба гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолатҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳои будубоши шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва муҳокимаронӣ дода шуд.
Дар охир иштироккунандагони семинар баргузории чунин як чорабиниро имконияти мусоид ҷиҳати такмил додани дониши назариявӣ ва амалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда арзёбӣ карда, ба ташкилкунандагони он миннатдории худро баён намуданд.