СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ СУДЯҲО ДАР ҲАМКОРӢ БО ФОНДИ ҶАМЪИЯТИИ “ТАШАББУСИ ҲУҚУҚӢ” ВА ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИСЛОҲОТИ МАҲБАСХОНА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ (PRI) ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Рӯзҳои 11-13 октябри соли 2021 дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон бо иштироки 28 нафар судяҳо аз судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” ва Ташкилоти байналмилалии ислоҳоти маҳбасхона дар Осиёи Марказӣ (PRI) дар мавзӯи “Методология барои судяҳо оид ба татбиқи чораҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда тибқи таҷрибаи судии давлатҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” семинарӣ омӯзишӣ баргузор гардид.

Нахуст, дар кори семинар директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳамияти инсондӯстона доштани мавзӯи татбиқи чораҳои алтернативии ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабударо қайд намуда, изҳор дошт, ки ин талаботи қонунгузории миллӣ ва давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна бе шубҳа ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст.

Дар семинар муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. ва сармутахассиси Маркази таълимии судяҳо Нусратуллозода О.Н. ба ҳайси тренер ширкат варзида, бо иштирокчиёни семинар паҳлуҳои гуногуни ҳолатҳои моддӣ ва мурофиавии мавзӯъро мавриди муҳокима ва баҳс қарор доданд.