СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТ БА КУДАКОН”

Рӯзҳои 8-9 августи соли 2024 Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар доираи “Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кудакон барои солҳои 2023-2027” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар меҳмонхонаи Румӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе бо 20 нафар судяҳои ҷумҳурӣ семинари омӯзиширо дар мавзуи “Адолати судӣ нисбат ба кудакон” баргузор намуд.

Семинарро муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. ва сармутахассиси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Раҷабзода Х.Н. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, баргузории чунин як семинари омӯзиширо имконияти мусоид барои судяҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати такмил додани дониши назариявӣ ва амалӣ дар самти татбиқи адолати судӣ нисбат ба кудакон, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва принсипҳои байналмилалие, ки дар рафти мурофиаи судӣ нисбат ба кудакон татбиқ мегарданд, арзёбӣ намуданд. Дар кори семинар ба ҳайси устодон судяи Суди Олӣ Пулодӣ М. ва муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А. ҷалб гардида, дар рафти он мавзуъҳои стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кудак, ҳуқуқи ҷабрдида ва шоҳиди ноболиғ дар сатандартҳои байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон, озод кардани ноболиғон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо, таъини ҷазо ва рӯёнидани товони зарар вобаста ба ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содир гардида мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуданд.

Дар охир иштирокчиён аз баргузории семинар изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти онро дар баланд бардоштани таҷрибаи касбӣ ва сифати баррасии парвандаҳо вобаста ба ноболиғон, инчунин татбиқ намудани адолати судӣ нисбати онҳо иброз дошта, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур минатдории хешро баён намуданд.