СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “МЕХАНИЗМҲОИ ҲИФЗИ ЗАНОН – ҶАБРДИДАГОН АЗ ЗЎРОВАРӢ ДАР МАРҲИЛАИ ТАФТИШОТИ СУДӢ”

Рӯзҳои 24-25 январи соли 2025 Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” дар осоишгоҳи “Грин вуд хаус”-и шаҳри Ҳисор дар мавзуи “Механизмҳои ҳифзи занон – ҷабрдидагон аз зўроварӣ дар марҳилаи тафтишоти судӣ” бо ҷалби судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Чорабинии мазкурро директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ кушода, ба ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” барои мусоидат намудан ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид баҳри гузаронидани чунин як семинари омӯзишӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда қайд намуд, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқи занон ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ эътироф ва дар сатҳи қонунгузории миллӣ як қатор қонунҳо ва стратегияву барномаҳо қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шудаанд. Дар рафти семинар устодон дар мавзуъҳои баррасии стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи зуроварии гендерӣ, тадбиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои зуроварии гендерӣ, далелҳои ҷисмонии зуроварии гендерӣ ва дигар мушкилотҳои ҷойдоштаро муҳокимаронӣ намуда, ба ҳозирин оид ба тарзу усулҳои дурусти баҳодиҳии ҳолатҳои ба ҳалли баҳс дахлдошта тавзеҳотҳои мушаххас доданд.

Дар охир иштирокчиён аз ташкилкунандагон ва устодон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва майдони баҳсу мунозира изҳори сипос намуда, гузаронидани чунин чорабиниҳоро имконият баҳри табодули таҷриба ва беҳтар намудани сифати кор баён доштанд.