СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “МЕХАНИЗМҲОИ ҲИФЗИ ЗАНОН – ҶАБРДИДАГОН АЗ ЗЎРОВАРӢ ДАР МАРҲИЛАИ ТАФТИШОТИ СУДӢ”

Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” рўзҳои 6-7 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки 20 нафар судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо семинари омўзиширо дар мавзўи “Механизмҳои ҳифзи занон – ҷабрдидагон аз зўроварӣ дар марҳилаи тафтишоти судӣ” баргузор намуд.

Семинарро намояндаи Маркази таълимии судяҳо Сафаров Дониёр бо сухани ифтитоҳӣ оѓоз намуда, доир ба аҳамияти мавзуи семинар суханронӣ кард. Зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи дастгирии давлатии занон, таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, то имрўз дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додааст, ки дар рафти семинар мо шоҳиди он хоҳем гардид. Дар анҷоми сухан намояндаи Маркази таълимии судяҳо ба Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ҷиҳати баргузор намудани чорабинӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид баҳри омўзиш ва табодули таҷриба изҳори сипос намуд.

Дар охир иштирокчиён баргузории чунин як чорабнии омўзиширо барои фаъолияти хеш муфид арзёбӣ намуда, миннатдории худро ба ташкилкунандагон баён карданд.