СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “СТАНДАРТҲОИ МУРОФИАИ ОДИЛОНАИ СУДӢ”
Рўзҳои 16-17 июли соли 2024 Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар бинои Суди Олӣ бо иштироки 60 нафар коромӯз-судяҳо семинари омӯзиширо дар мавзуи “Стандартҳои мурофиаи одилонаи судӣ” баргузор намуд.
Семинарро директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, баргузории чунин як семинари омӯзиширо имконияти мусоид барои коромӯз-судяҳо ҷиҳати такмил додани дониши назариявӣ ва амалӣ дар самти татбиқи стандартҳои мурофиаи одилонаи судӣ аз рӯи таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ бо мақсади беҳтар намудани сифат, қонуният ва асоснокии санадҳои судӣ арзёбӣ намуд. Номбурда афзуд, ки қонунгузории соҳаи ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба фазли иродаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон пайваста такомул ёфта, ба меъёрҳои умумибашарӣ мутобиқ карда шудаанд. Имрӯз бо эътимоди комил метавон гуфт, ки қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти суд ва судя мукаммал буда, метавонанд ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандони хориҷӣ, бетабаа ва дигар субектонро ҳифз намояд.
Дар кори семинар ба ҳайси устодон судяҳои Суди Олӣ Ваҳобзода Ш., Холиқмуродзода Д. ва Ҳаким Рухшона ҷалб гардида, дар рафти он мавзуъҳои стандартҳои мурофиаи одилона, ҳуқуқ дар вақти мурофиа: ҳуқуқ ба судяи мустақил ва бетараф, ҳуқуқ ба адвокат, ҳуқуқ ба маҷлиси ошкорои судӣ, ҳуқуқ ба тарҷумон ва ҳуқуқ барои шикоят кардан, ҳуқуқ ба амалҳои пеш аз мурофиавӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир иштирокчиён аз баргузории тренинг изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши онро дар баланд бардоштани таҷрибаи касбӣ ва сифати баррасии парвандаҳо, инчунин татбиқ намудани адолати судӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.