СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ТАҲИЯИ САНАДҲОИ СУДӢ БО ПАРВАНДАҲОИ МАДАНӢ ВА ОИЛАВӢ”
Рӯзҳои 7-10 октябри соли 2024 Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастгирии Барномаи Рушди Созмони Миллаи Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳияи санадҳои судӣ семинари омӯзиширо зери унвони “Таҳияи санадҳои судӣ бо парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ” барномарезӣ намуд.
Семинар дар осоишгоҳи “Бонки миллӣ”-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ҷалби судяҳо аз судҳои шаҳру ноҳияҳои ин вилоят баргузор гардид.
Дар ибтидои чорабинӣ судяҳои Суди Олӣ Аланазарзода Ш. ва Ғуломзода И. бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуда, ба роҳбарияти Суди Олӣ, Маркази таълимии судяҳо ва ташкилоти ҷамъиятии “Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва БРСММ дар Тоҷикистон бобати ташкил намудани чунин як семинар миннатдорӣ баён намуданд. Дар ҷараёни семинар судяҳои Суди Олӣ Аланазарзода Ш., Пӯлодӣ М. ва Ғуломзода И. Ҳамчун устод, ба ҳозирин тарзу усули дурусти таҳия намудани таъинотҳо оид ба қабул, беҳаракат монондан, баргардонидани аризаи даъвогӣ ва аризаи муқобили даъво, тартиби дуруст ва босамари таҳия намудани ҳалномаҳо ва дигар нозукиҳои баррасии намудҳои алоҳидаи парвандаҳои маданӣ ва оилавро тадбиқи меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ ва баҳодиҳии дурусти ҳуқуқии ҳолатҳои ба ҳалли баҳс дахлдошта тавзеҳ доданд.
Иштирокчиён аз ташкилкунандагон ва устодон ҷиҳати фароҳам овардани чунин як имконият баҳри омӯзиш изҳори сипос карда, аҳамияти семинари омӯзиширо дар андӯхтани таҷрибаи пешқадами соҳа ва сифати санадҳои судӣ муҳим арзёбӣ намуданд.