Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 ва 5-6 июни соли 2024 дар осоишгоҳи “Бонки миллӣ”-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки 37 нафар судяҳои вилояти Суғд дар ду давра семинарҳои омӯзиширо дар мавзӯи “Расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуд.
Зимни баргузории семинари мазкур таҷрибаи давлатҳои дигар дар самти рушди қонунгузории маъмурӣ, таҳлили қонунгузории миллӣ ҷиҳати баррасии парвандаҳо вобаста ба мавриди баҳс қарор додани қарори мақомоти давлатӣ, принсипҳои асосии расмиёти маъмурӣ, нақши суд дар расмиёти маъмурӣ, намудҳои санадҳои маъмурӣ, тартиби шикояти судии санадҳои маъмурӣ, бекор кардан ва тағйир додани онҳо, хусусиятҳои хоси баррасии судии парвандаҳои маъмурӣ ва ғайраҳо мавриди омӯзиш, муҳокимаронӣ ва таҳлил қарор дода шуд.
Дар кори семинар ба ҳайси тренерон директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳакимзода С.А., судяҳои Суди Олӣ Аланазарзода Ш. ва Пӯлодӣ М. ҷалб гардиданд.
Дар охир иштирокчиён аз баргузории тренинг изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши онро дар баланд бардоштани таҷрибаи касбӣ ва сифати баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои маъмурӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ арёбӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.