ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Нақшаи кори Маркази таълимии судяҳо барои соли 2025 рӯзҳои 28 июл то 1 августи соли ҷорӣ дар толори суди вилояти Хатлон бо ҷалби кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барномаи такмили ихтисосро роҳандозӣ намуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши назариявию амалӣ ва малакаи касбии кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур гузаронида шуд.
Барномаи такмили ихтисос мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми зеринро дар бар гирифт. Ӯҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ, ташкил ва адои хизмати давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, тартиби таҳияи протоколи маҷлиси судӣ, меъёрњои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзиши меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ўҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ, омўзиши меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон“ омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дастурамали коргузорӣ дар судҳо, омўзиши тартиби таҳияи протоколи маҷлиси судӣ ва дигар масъалаҳои бевосита ба самти фаъолият дахлдошта.
Дар охири чорабинии омӯзишӣ ба иштирокчиёни семинари такмили ихтисос сертификати шакли муқарраргардида супорида шуд.
Дар зер лаҳзаҳои супоридани сертификатҳо:

