ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Нақшаи кори Маркази таълимии судяҳо барои соли 2024 рӯзҳои 7-11 октябри соли ҷорӣ бо ҷалби 20 нафар кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барномаи такмили ихтисосро роҳандозӣ намуд.
Чорабинии омӯзиширо сармутахассиси Маркази таълимии судяҳо Раҷабзода Х.Н. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, баргузории онро имконияти мусоид баҳри баланд бардоштани савияи дониши назариявию касбии кормандон ва минбаъд самаранок гардидани фаъолияти онҳо арзёбӣ намуд.
Мавзуъҳои барномаи такмили ихтисос асосан ба масъалаҳои актуалӣ, аз қабили омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, ӯҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ, омӯзиши меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дастурамали коргузорӣ дар судҳо, омӯзиши тартиби таҳияи санадҳои судии мурофиаи маданӣ ва ҷиноятӣ бахшида шуданд.
Дар анҷом дараҷаи аз худ кардани мавзуъҳои барнома тариқи хонапурӣ намудани саволҳо санҷида шуда, иштирокчиён бо сертификати шакли муқарраргардида сарфароз гардонида шуданд.