ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД (28.07.2025-01.08.2025с.)

Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Нақшаи кори Маркази таълимии судяҳо барои соли 2025 рӯзҳои 28 июл то 1 августи соли ҷорӣ дар толори суди вилояти Суғд бо ҷалби кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барномаи такмили ихтисосро роҳандозӣ намуд.

Метавон гуфт, ки чорабинии мазкур дар баланд бардоштани сатҳи дониши назариявӣ ва малакаи касбии кормандони дастгоҳи судҳо ва самаранок гардидани фаъолияти онҳо нақши муҳим мебозад.

Барномаи такмили ихтисос масъалаҳои мубрам, аз қабили омӯзиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, ӯҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ, омўзиши меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷмҳурии Тоҷикистон, омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дастурамали коргузорӣ дар судҳо, омўзиши тартиби таҳияи протоколи маҷлиси судӣ ва дигар масъалаҳои бевосита ба самти фаъолият дахлдоштаро дар бар гирифта, барои фаъолияти иштирокчиёни давраи омӯзиш муҳим арзёби карда мешавад.

Дар охир ба иштирокчиёни семинари такмили ихтисос сертификати шакли муқарраршуда супорида шуд.