ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ СУДЯҲО РУЗҲОИ 12-23 МАЙИ СОЛИ 2025

Санаи 12 майи соли 2025 дар Маркази таълимии судяҳои назди  Суди Олии Ҷумҳури Тоҷикистон давраи такмили ихтисоси судяҳо бо иштироки судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душабе, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи талаботи банди 6 моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ судя дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта мешавад.

Кори семинарро  Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ муҳтарам Завқизода С.А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти такмили ихтисос, таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷи дуру наздик истода гузаштанд. Ҳамчунон изҳори умед намуданд, ки такмили донишҳои назариявию амалӣ метавонад ба сифати санадҳои судӣ, ки аз ҷониби судяҳо таҳия мегардад мусоидат намояд.

Судяҳо дар атрофи мавзӯъҳои зерин аз ҷумла: Масалаҳои  таҷрибаи судии баррасии парвандањои маданӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳалли баҳсҳо дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан, маскун кардан ва маҳрум намудан аз ҳуқуқи истифодаи манзил, баррасии парвандаҳои оилавӣ доир ба тақсими молу мулки муштараки ҳамсарон, баррасии парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ вобаста ба баҳсҳои қабул ва тақсими мерос, ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, ва ғайра донишу малакаи касбии хешро баланд мебардоранд.

Дар кори семинар ба ҳайси устодон судяҳои Суди Олӣ, Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд.

Дар анҷоми давраи омӯзиш  ба иштирокчиён сертификатҳои шакли муқарраргардида супоридада шуд.