ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ СУДЯҲОИ НАЗДИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Аз 13 то 23 октябри соли 2025 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи такмили ихтисос, ки мувофиқи нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2025 таҳия гардидааст, мавриди амал қарор дода шуд.
Дар давраи омӯзишӣ судяҳо аз судҳои ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳои ҷумҳурӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, атрофи мавзуҳои назариявӣ ва амалӣ мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, мавзуҳои зерин мавриди амӯзиш ва муҳокима қарор дода шуданд:
– Қисмҳои асосии Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳо ва шаклҳои аҳд, шартномаҳо ва хусусиятҳои ҳуқуқии онҳо;
– Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба муайян намудани падарӣ, рӯёнидани алимент, фарзандхонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи оилавӣ;
– Масъалаҳои марбут ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тартиби оғоз ва омодасозии парвандаи ҷиноятӣ, қабули қарорҳои судӣ ва риояи принсипҳои қонунияту адолати судӣ дар ҷараёни баррасии парвандаҳо;
– Омӯзиши санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия ва дигар созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба тасвиб расонидааст.

Барномаи омӯзиши бо усули муосири таълимӣ – аз ҷумла, усули омӯзиши интерактивӣ, таҳлили парвандаҳои судӣ ва муҳокимаи ҳолатҳои мушаххас гузаронида шуд. Дар ҷараёни омӯзиш, иштирокчиён атрофи таҷрибаи судӣ табодули таҷриба намуданд.

Инчунин, ба масъалаҳои ахлоқи судя, принсипҳои мустаилияти ҳокимияти судӣ, ва таъмини шаффофият дар фаъолияти судҳо, ки талаботи қонунгузорӣ буда аз дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат бармеояд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуд. Ин масъалаҳо барои тақвият бахшидани одоби касбӣ, амали этикаи судя ва баланд бардоштани эътибори суд ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи адолат нақши муҳим мебозад.

Маркази таълимии судяҳо бо татбиқи барномаҳои омӯзишӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва ҷалби устодони собиқадору ботаҷриба, ҳадаф дорад, ки донишу малакаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳуриро баланд бардорад.
Дар анҷоми барномаи омӯзишии 10 – рӯза ба иштирокчиён сертифиатҳои шакли муқарраргардида супорида шуд.






