ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
28 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, Маркази таълимии судяҳо ва коромӯз-судяҳо тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми нишаст ҳозирин аҳамияти калони Паёмро дар самти сиёсати сулҳовари хориҷӣ, соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қайд намуданд.
Аз ҷумла ба фаъолияти рақамӣ гузаштани судҳо барои низоми судӣ самаранок арзёбӣ гардид.