ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. АЗ ҲАДАФҲОИ БУНЁДӢ ТО РУШДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

Бо мурури вақт ва таҳлили авзои мураккаби ҷаҳони муосир мебинем, ки мақом ва аҳамияти ваҳдати миллӣ то чи андоза барои тараққиёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию илмӣ ва фарҳангию таърихии давлату миллат аҳамият дорад. Воқеан, ваҳдати миллӣ баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дувумин таҳаввулоти бузурге буд, ки пойдевори давлатдории навини тоҷиконро истеҳком бахшид.
Вазъи муътадили ҷомеа баъд аз расидан ба ваҳдати миллӣ имкон дод, ки дар қатори дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаи таҳкими ҳокимияти судӣ низ мавриди таҳлилу ислоҳоти ҷиддӣ қарор дода шавад. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ мутобиқ намудани фаъолияти судҳо, таҳкими кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ин давра бо фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳор марҳила барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул шуд. Мақсад ва вазифаҳои барномаҳо аз такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин, такмили қонунгузорӣ дар ин самт иборат мебошад.
Дастовардҳои минбаъда баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ далели бебаҳси он аст, ки маҳз якдилии халқи сулҳпарвари тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти минбаъдаи ваҳдати миллӣ инкишофи бонизоми тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Дар ҳаёти ҷомеа татбиқ гардидани асосҳои демократии дар Конститутсия муқарраргардида – соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, демократӣ, дунявӣ ва ягонагӣ аз файзи ваҳдати миллӣ мебошад. Амалӣ гардидани дигар меъёрҳои пешрафта ва муҳими Конститутсия низ аз фазои сулҳу субот аст. Ваҳдати миллӣ ба амалӣ гаштани орзую умед ва нияту мақсадҳои дар дилдоштаи мардуми баору номус ва меҳнатдӯсту шарифи Тоҷикистон мусоидат кард. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2011 дар суханрониашон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр намуданд: «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро неруи тоза ва тақвият мебахшанд». Аз ин рӯ, мо бояд ҳар ду боли давлату миллатамонро ҳифз то парвозҳои бонизом ва аз ин ҳам баланди онро таъмин намоем.
Ҳанӯз 26 июни соли 2000 Президенти маҳбуби кишвар дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин гуфта буданд: «Мо бо ифтихор ва сарфарозӣ мегӯем, ҳарчанд ки душманони миллат оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ забонаҳои оташи ҷангро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободонии мамлакат камар бандад». Воқеан, иродаи бузурги халқ буд, ки миллату давлатро аз асорат раҳо намуда, роҳи устувор ва собити онро ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард.
Имрӯз ҷангҳои шаҳрвандӣ, ихтилофҳои мазҳабӣ, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) ва мудохилаҳои хориҷӣ як қатор давлатҳои дунё, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Нигерия, Афғонистонро фаро гирифтааст, ки дар натиҷаи чунин ихтилофу муборизаҳои мусаллаҳ даҳҳо ҳазор занону кӯдакон ва мардумони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, даҳҳо ҳазори дигар маъюбу мунтазир ва теъдоди зиёди дигар бехонумону гуреза ва дур аз ватану хешу ақрабо гаштаанд.
Вобаста ба мураккаб гаштани авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳони муосир хатарҳои нав дар шаклҳои нав зуҳур мекунанд. Бинобар ин, дар чунин вазъи печида барои тақдири миллату давлатҳо бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ хеле муҳим аст. Танҳо бедории сиёсӣ, худшиносии миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавонад моро аз таҳдид ва хатарҳои имрӯзаи ҷаҳон наҷот диҳад. Агар қаблан истилои ҳарбӣ вуҷуд дошт, пас имрӯз «истилои мафкуравӣ», «ғасби мафкуравӣ» ва ё «ғасби ақлӣ» ҷой дорад, яъне сараввал ҷонибҳои манфиатдор тавассути интернет, сипас ба амалӣ намудани нақшаҳояшон мепардозанд.
Аз ин хотир, дар замони рушди бемайлони фазои иттилоотӣ нигоҳ доштани тавозуни сулҳу субот ва оромӣ вазифаи ҳар фарди огоҳ аст. Зеро сулҳу ваҳдати мо осон ба даст наомадааст ва тавре Сарвари давлат изҳор медоранд: «Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун василаи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон бо заҳмату машаққати зиёд ва гузашта аз ин, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст». Ҳамин нукта кифоя аст, ки мо сабақи солҳои ҷангро фаромӯш назосем ва арзишҳое чун Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро ба қиммати ҷони худ ҳифзу гиромӣ дорем.

ЗАВҚИЗОДА С.А.
Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ