ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ РУШДИ СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 6-уми майи соли 2025 Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. бо ҳамоҳангсозони Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (БРСММ) оид ба барномаи суди электронӣ Шоев Бахтиёр ва Ҷумабаева Тахмина мутахассиси ҳамин ташкилот дар доираи созишномаи дуҷониба байни Суди Олӣ ва БРСММ дар Тоҷикистон вобаста ба барномаи “Дастрасӣ ба адолат” аз 1 декабри соли 2022 вохӯрӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди қаблӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон омодагии худро баҳри ҳамкориҳо дар самти таълим ва баланд бардоштаи иқтидории касбии судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ баён намуданд.

Ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳо ҷиҳати гузаронидани тренинг семинарҳо дар мавзуҳои  “ Навгониҳои Кодекси маданӣ”, “Методикаи таҳияи санадҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои ва маданӣ ва оилавӣ”, “Баробарии гендерӣ: пешгирии зуроварии хонаводагӣ” бо ҷалби судяҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мувофиқа омаданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки ба ҳайси устодон судяҳои Суди Олӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.

Семинарҳои мазкур дар баланд бардоштани дониши касбии судяҳо атрофи мавзуҳои баррасишаванда мусоидат менамояд.