ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ

Санаи 3 июни соли соли 2025 Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. ва судяи Суди Олӣ Кенҷазода М. дар бинои Суди Олӣ коршиноси байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон Татяна Котляренко ва мутахассиси лоиҳаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирова Ҳамроҷонро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди қаблӣ иҳзори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро баҳри боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо дар самти омода намудани устодон, коркарди барномаҳои омӯзишӣ, ташкил ва гузаронидани семинару тренингҳо, вобаста ба ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқаманд, баён доштанд.

Аснои мулоқот, Директори Маркази таълимии судяҳо хавфи баланди ҷамъиятӣ доштани ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамонро қайд намуда, афзуд, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ин ҷинояти мудҳиш, ки вақтҳои охир он бо терроризм ва экстремизм алоқамандӣ пайдо намудааст бебозгашт аст. Аз ин рӯ мувофиқи мақсад аст, ки барномаҳои омӯзишӣ мавзуҳоро ба монанди иттилоонидани ҷавонон  бо мақсади нагаравидани онҳо ба терроризм ва экстремизм, ҷанбаҳои психологии қурбонии савдои одамон,  исботнамоӣ, алоқамандии савдои одамон бо ҷиноятҳои терроризм ва экстремизм, истисмори шаҳвонии кудакон ва занон, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми содир намудани савдои одамон (савдои одамон ҳамчун ҷиноятӣ киберӣ) ва дигар масъалаҳои вобаста ба онро дар бар гирад.