ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ СУДЯҲОИ НАЗДИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 26 декабри соли 2024 дар бинои Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсози Маркази таълимии судяҳо баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа ҳисоботи Маркази таълимии судяҳо дар соли 2024 шунида шуда, аз ҷумла қайд гардид, ки Маркази таълимии судяҳо фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нақшаҳои кории Суди Олӣ, Маркази таълимии судяҳо ва супоришҳои роҳбарияти Суди Олӣ ба роҳ монда, дар соли 2024 корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Дар Маркази таълимии судяҳо дар соли 2024 оид ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи кори Маркази таълимии судяҳо барои соли 2024 дар маҷмуъ дар 44 давра 789 нафар ба такмили ихтисос ва омӯзиш фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора, 19 нафар кормандони дастгоҳи судҳо ба такмили ихтисос буда 60 нафар коромӯз-судяҳо ба тайёрии касбӣ мебошанд. Боқимонда бо 710 нафар судяҳо, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо семинарҳои омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар мавзуъҳое, ки аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва супоришҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар ин давра 60 нафар коромӯз-судяҳое, ки  дар асоси хулосаи Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ, фармоиши якҷояи Раиси Суди Олӣ ва Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз 29 декабри соли 2023, № 74 ва № 121, ба ин вазифа таъин гардида буданд, дар чаҳор давраи таълимӣ дарсҳои назариявию амалиро аз рӯи барномаҳои таълимии №1, №2, №3, №4 оид ба ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқи маданӣ, мурофиаи маданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ анҷом расонида, дар ду марҳила барои таҷрибаомӯзӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе, сафарбар карда шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва самаранокии он устодон аз ҳисоби судяҳои ботаҷриба ва собиқадори Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки дар давраи сипаришуда ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти ҶТ аз 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ карда шудааст ва нақшаи кории Суди Олӣ барои нимсолаи аввали соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, дарки масъалаҳои сиёсӣ ва авзои печидаи ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз амалҳои тарғиботии гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ бо онҳо дарсҳои сиёсӣ атрофи авзои ҷумҳурӣ ва ҷаҳон баргузор карда шуд.

Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз 18 марти соли 2024, №795  ва Фармоиши Раиси Суди Олӣ аз 17 апрели соли 2024, №18 коромӯз-судяҳо дар баробари машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи соҳаҳои ҳуқуқ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) фаро гирифта шуданд. Бо мақсади таълими сифатнок ва муассир устодон аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷалб карда шуданд.

Дар ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои фаъолияти Маркази таълимии судяҳо шунида шуда, доир ба онҳо, аз ҷумла, Нақшаи кории Маркази таълимии судяҳо барои соли 2025, Барномаи такмили ихтисоси судяҳо барои соли 2025, Барномаи такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ барои соли 2025 тасдиқ карда шуда, ҳамзамон доир ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ қарор қабул карда шуд.