Семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Дастрасии занон ба адолати судӣ ва баланд бардоштани потенсиали гендерии кормандони судҳо дар Тоҷикистон ”  

17 январи соли 2025 дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе аз ҷониби “Бюрои Департаменти Давлатӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва корҳои ҳифзи ҳуқуқ (INL) семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Дастрасии занон ба адолати судӣ ва баланд бардоштани потенсиали гендерии кормандони судҳо дар Тоҷикистон” баргузор карда шуд.

Дар ибтидои чорабинӣ Раиси колегияи судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ Ализода Ш. бо сухани ифтитоҳӣ атрофи масъалаҳои баррасишаванда баромад намуда, ба ташкилоти мазкур бобати дастгириҳо ва ташкил намудани чунин як семинар миннатдорӣ баён намуданд. Дар рафти семинар судяи Суди Олӣ Мавҷуда Пӯлодӣ дар мавзуи “Нақши низоми судӣ дар таъмини дастрасии занон ба адолати судӣ”, Раиси марказҳои бӯҳронӣ дар Тоҷикистон Гулрухсор Абдуллоева бо мавзуи “Биниш ва ҳадафи Анҷумани марказҳои бӯҳронии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” маъруза намуданд. Инчунин директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода С.А. ба музокира баромада, вобаста ба беҳтар кардани дастрасии занон ба адолати судӣ, мушкилотҳои ҷойдоштаи иҷтимоию иқтисодии занон, тарзу усулҳои дурусти баҳодиҳии ҳолатҳои ба ҳалли баҳс дахлдошта тавзеҳотҳои мушаххас доданд.

Дар охир иштирокчиён аз ташкилкунандагон ва маърузачиён ҷиҳати фароҳам овардани чунин як имконияти мусоид баҳри омӯзиш изҳори сипос карда, аҳамияти семинари омӯзиширо дар андӯхтани таҷрибаи пешқадами соҳа муҳим арзёбӣ намуданд.