МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ СУДЯҲОИ НАВТАЪИН

Рўзи 4 марти соли 2025 дар Суди Олӣ маросими тантанавии савгандёдкунии 56 нафар номзадҳое, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд, баргузор гардид.

Судяҳои навтаъин дар асоси хулосаи Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ, фармоиши якҷояи Раиси Суди Олӣ ва Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз 29 декабри соли 2023, № 74 ва № 121 дар асоси озмун ва хулосаи мусбии Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз – судя, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №866 тасдиқ шудааст, аз байни 270 нафар довталабон бо фармоиши якҷояи Раиси Суди Олӣ ва Раиси Суди Олии иқтисодӣ вазифаи коромўз-судя таъин гардида, муддати як сол дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ аз рўи чор барномаи таълимӣ ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуданд.

Маросими савгандёдкунии судяҳои навтаъин дар доираи талаботи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардани номзадҳои бори аввал ба вазифаи судя таъиншударо муќаррар мекунад, доир гардид.

Чорабиниро Раиси Суди Олӣ Мирзозода Р. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ҳамаи судяҳои тозатаъинро ба ифтихори ноил гардиданашон ба ин мансаб табрику муборакбод гуфта, қайд намуд, ки расидан ба мақоми баланди судягӣ аз як ҷониб ифтихору саодатмандӣ бошад, аз ҷониби дигар ба дӯши худ гирифтани масъулияти ҷиддӣ ба њисоб меравад. Бинобар ин, судяҳои ҷавонро зарур аст, ки ба боварї ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошта, рисолати судягии худро баҳри ба амал баровардани адолати иҷтимоӣ бо як ҳисси масъулиятшиносӣ ба иҷро расонанд.

Сипас, директори Маркази таълимии судяњои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. доир ба аҳамияти ёд намудани савганд, моҳияти касби судягӣ ва вазифаву масъулияти баланд доштани ин мансаб изҳори назар карда, таъкид намуд, ки дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар шудани маросими савгандёдкунӣ масъулияти судяҳоро дучанд намуда, ба он водор месозад, то дар фаъолияти кории худ зимни ба амал баровардани адолати судӣ, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат намоянд.

Дар охири чорабинӣ Раиси Суди Олӣ Мирзозода Р.П. ба судяҳои навтаъин муваффақияту бурдбориҳои беназирро таманно намуда дар фаъолияти пурмасъули онҳо изҳори барор намуд.