МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ СЕРТИФИКАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО
Рӯзи 14 марти соли 2025 дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ба иштироккунандагони такмили ихтисоси судяҳо иборат аз 18 нафар судяҳо оғоз гардид. Дар давраи омӯзиш судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душабе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки тибқи талаботи банди 6 моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумњурии Тоҷикистон» судя дар ду сол як маротиба бо такмили ихтисос фаро гирифта шуда, пас аз хатми он ба ў сертификати шакли муқарраргардида дода мешавад, ки он ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат мекунад.
Судяҳо дар атрофи мавзӯъҳои зерин донишу малакаи касбии хешро баланд бардоштанд. Масалаҳои таҷрибаи судии баррасии парвандањои маданӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оилавӣ, иҷтисодӣ ва ҳалли баҳсҳо дар бораи кўчонидан аз манзили истиқоматӣ ва бартараф намудани монеагӣ вобаста ба истифодабарии дигар молу мулки ғайриманқул, беэътибор донистани санади мақоми давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ, ҳалли парвандањои судие, ки бо тартиби мурофиаи махсус баррасӣ карда мешаванд, баҳсҳо оид ба аъзои оилаи молик эътироф намудан, маскун кардан ва маҳрум намудан аз ҳуқуқи истифодаи манзил, баррасии парвандањои оилавӣ доир ба тақсими молу мулки муштараки ҳамсарон, баррасии парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ вобаста ба баҳсҳои қабул ва тақсими мерос, ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, ва ғайра.
Дар кори семинар ба ҳайси устодон судяҳои Суди Олӣ, директори маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.
Дар анҷоми давраи омӯзиш директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода С.А. ба иштирокчиён сертификатҳои шакли муқарраргардидаро супориданд.