Конференсияи илмӣ амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он»
Санаи 18 апрели соли 2025 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон IV-умин Конференсияи илмӣ амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва гиромидошти ёдбуди Арбоби шоистаи илми Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Р.С. Мулукаев баргузор гардид.
Дар кори конференсияи мазкур олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, адвокатура ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ватанӣ, ҳамчунин олимони соҳа аз ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Кори конференсияро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи илми тоҷик табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он» бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо иштироки ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардида дар ҷараёни он тавсияву пешниҳодҳои муфид вобаста ба нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмии ҳаёти ҷомеа манзур гардиданд.
Дар кори конференсия муҳокимаи мавзуъҳои зерин баррасӣ гардиданд: Илми ҳуқуқшиносӣ дар асри XXI: проблема ва дурнамои он; Нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар навсозӣ ва ислоҳоти ҷомеаи муосир; Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносии ватанӣ; Илми ҳуқуқшиносӣ ва масъалаҳои рақамикунонӣ; Назария ва амалияи ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, криминология, криминалистика ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ. Илми ҳуқуқи маданӣ, меҳнатӣ ва соҳибкорӣ дар замони муосир ва ғ.
Дар кори конфренсия директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода С.А. иштирок карда дар мавзуи “Суди электронӣ ва маҳфуми он” маърӯза намуданд. Қайд намуданд, ки Суди электронӣ ҳамчун падидаи нави судӣ, унсурҳои демократияи электрониро дар худ касб намуда, ҳамчун яке аз унсурҳои асосии давлати электронӣ ба адолати судӣ суръат, самаранокӣ ва сифат бахшида, мақоми ҳокимияти судиро дар ҷомеа баланд мебардорад. Рушди суди электронӣ аз давлати электронӣ ва тараққиёти рузафзуни илму технологияи муосир алоқамандӣ дорад. Номбурда ақидаи олимонро вобаста ба маҳфуми суди электронӣ ва адолати электронӣ баён намуда, назари хешро оид ба маҳфуми суди электронӣ мушаххас иброз намуд.
Дар интиҳо меҳмонону иштирокчиён ҷиҳати фароҳам овардани чунин як имконияти мусоид баҳри омӯзиш ва мубоҳиса изҳори сипос карда, аҳамияти конфренсияи мазкурро дар табодули таҷрибаи пешқадами миллӣ байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.