БАРГУЗОРИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ОЛӢ, СУДҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Рўзҳои 26-31 майи соли 2025 дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 18 нафар кормандони дастгоҳи судҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ давраи  такмили ихтисос баргузор гардид.

Нахуст, дар кори такмили ихтисос судяи Суди Олӣ Пӯлодӣ М.К. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки аҳамияти баргузории такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳи судҳо аз сайќал додани дониши назариявию амалии онҳо иборат мебошад. Бо ин мақсад Маркази таълимии судяҳо ба сифати устодон судяҳои Суди Олӣ ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистонро ҷалб намудааст.

Барномаи семинарии такмили ихтисос ба мавзуҳои омузиши меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, ўҳдадориҳои асосии хизматчии давлатӣ, ташкил ва адои хизмати давлатӣ, омўзиши меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон“, омузиши қонунҳои миллӣ, омўзиши санадҳои меъёрии қуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дастурамали коргузорӣ дар судҳо, коркарди сомонаҳо дар судҳо, омўзиши тартиби таҳияи санадҳои судии маданӣ ва ҷиноятӣ бахшида шудааст.

Ҳамзамон Маркази таълимии судяҳо дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 30 ва 31 майи соли ҷорӣ дар доираи такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи судҳо семинари омузишӣ дар мавзуи «Кодекси мадании Ҷумхурии Тоҷикистон»  баргузор намуд. Мақсади баргузории омузиш бори дигар шинос намудани шунавандагон бо навгониҳои Кодекси маданӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми семинар ба шунавандагон сертификат супорида шуда, ба онҳо барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно карда шуд.