СЕРТИФИКАТСУПОРИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ СУДЯҲО (04.08.2025-14.08.2025)

Рӯзи 14 августи соли ҷорӣ  дар толори  Маркази таълимии Судяҳои назди Суди Олӣ бо иштироки судяҳои суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маросими супоридани сертификат ба иштирокчиёни семинари такмили ихтисос баргузор гардид.

Иштирокчиён-судяҳои судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо муфид будани давраи омӯзишро бо ишора аз мавзуҳои мухталифи судӣ арзёбӣ намуданд. Директори Маркази таълимии судяҳо Завқизода С.А. давраи омӯзишро ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён дар вазифаи пурмасъули ба амал барории адолати судӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.

Дар зер лаҳзаҳои супоридани сертификат: