НИШАСТИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТ БА КӮДАКОН БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2027ДАР ШАҲРИ НОРАК
Дар минтақаи истироҳатии «Пули Сангин»-и шаҳри Норак ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои Барномаи ислоҳоти низоми алолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 баргузор гардид.
Ин дуюмин ҷаласаи гурӯҳи кории мазкур дар соли ҷорӣ буда, дар он лоиҳаи Барномаи барканорсозии кӯдакон аз низоми адолати судӣ барои солҳои 2026–2030 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ, Завқизода С.А ҳамчун узви гурӯҳи кории байниидоравӣ аз Суди Олӣ ширкат варзиданд.
Лоиҳаи мазкур бо мақсади татбиқи банди 15 Нақшаи амал барои солҳои 2023–2025-и Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023–2027 ва бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи адлияи кӯдакон таҳия мегардад.
Пас аз баррасӣ ва такмил, лоиҳа бо вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқа ирсол карда мешавад.