БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗӮИ “ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА МАНЗИЛ” ДАР ЯКҶОЯГӢ БО ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАС
Дар толори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25-уми сенябри соли 2025 дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқи Дастрас” дар мавзӯи “Ҳуқуқи дастрасӣ ба манзил” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар кори семинар директори Маркази таълимии Судяҳои назди Суди Олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ муҳтарам Завқизода С.А бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро ба манзил пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст ва дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, масъалаи таъмини манзил мақоми махсусро ишғол менамояд. Ба шаҳрвандон ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва сохтани биноҳои истиқоматӣ борҳо дар ироаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо овардани далелу рақамҳои мушаххас қайд гардидааст.
Семинари муштарак, бо ҷалби судяи Суди Олӣ Аланазарзода Шароф ба ҳайси устод ба роҳ монда шуд, ки дар рафти он мавзӯъ бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмиллалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Устод ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқи Дастрас” Давлатова Шоира атрофи масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазир, механизми татбиқи қонунгузорӣ дар амалия, нақши судҳо дар таъмини иҷрои ҳуқуқи дастрасии шаҳрвандон ба манзил ва дигар паҳлӯҳои ҳуқуқии мавзӯъ бо шарҳу тавзеҳ ва таҷрибаи амалии татбиқи қонунгузорӣ истода гузаштанд.